Вохӯрии Зергурӯҳи корӣ дар Кӯлоб

Вохӯрии навбатии Зергурӯҳи корӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия санаи 6 майи соли 2014 дар дафтари САҲА дар ш. Кӯлоб гузаронида шуд.

Намояндагони мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ: ҳуқуқшиносон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ҳамчунин кормандони мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мулоқоти мазкур иштирок карданд.

Мувофиқи барномаи рӯз лоиҳаи Низомномаи Шӯрои Ҷамъиятӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (минбаъд Низомнома) муҳокима шуда, ворид кардани пешниҳодҳо ва тағйирот ба Низомнома, инчунин муколамаи ҷараёни ислоҳоти милитсия дар умум баррасӣ шуданд.

Дар рафти мулоқот шахсони зерин ҳузур доштанд: Афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия Ҳайдар Маҳмадиев, Афсари лоиҳаи ислоҳоти милитсия Фирдавс Одинаев ва Ёвари лоиҳа оид ба ислоҳоти милитсия Абдуманнон Саидов, ҳамчунин Ёвар дар дафтари минтақавӣ Бибихон Қандиева ва Ёвар оид ба масоили маъмурии дафтари минтақавии САҲА дар ш. Кӯлоб Мавҷуда Гаффурова.

Ҷ-би Ҳайдар Маҳмадиев ба иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба ҷараёни амалисозии ислоҳоти милитсия маълумот дода, алалхусус қайд намуд, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти рақами 296, Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии он қабул шудаанд. Мавсуф аз иштирокчиёни мулоқот хоҳиш намуд, ки эроду таклифҳои хешро барои ворид кардан ба лоиҳаи Низомнома, ки дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳ оид ба идораи ислоҳоти милитсия дар сатҳи сиёсӣ санаи 16 майи соли 2014 баррасӣ мешавад, пешниҳод кунанд.

Иштирокчиёни мулоқот лоиҳаи Низомномаро фаъолона муҳокима карда, мулоҳиза ва тавсияҳояшонро, ки фавран ба ҳуҷҷати мазкур дароварда шуданд, пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ қарор қабул карда шуд, ки аъзоёни Зергурӯҳ эроду пешниҳодҳои ниҳоии хешро дар мӯҳлати то 12 май равон мекунанд.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор гардид.

Шарикон