Таърихи ҳамкории САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақте ки Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз намуд, дар намояндагии он танҳо чаҳор корманди хориҷӣ буд. Ду корманди аввал ба Тоҷикистон моҳи феврали соли 1994 ташриф оварданд; дар он замон ин давлати Осиёи Марказӣ аллакай ду сол боз узви расмии САҲА (аз январи соли 1992) буд.

Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) намояндагӣ муколамаи байни нерӯҳои минтақавӣ ва сиёсиро ташкил мекард, бо масоили риояи ҳуқуқи инсон машғул буд, риояи меъёру принсипҳои ташкилотро дастгирӣ мекард ва амалишавии риояи онро назорат мекард. Он ҳамчунин ба рушди институтҳои  демократӣ ва ҳуқуқии миллӣ кӯмак мерасонид. САҲА дар ҳамкорӣ бо намояндагони нозирони СММ дар Тоҷикистон барои пойдоршавии сулҳ мусоидат карда, ба ҳайси кафили риояи шартҳои Созишномаи сулҳ, ки моҳи июни соли 1997 ба имзо расидааст, баромад кардааст. Нақши махсуси намояндагӣ аз мусоидат ба иҷроиши протоколҳои Созишнома оиди масъалаҳои сиёсӣ ҷиҳати шартҳои баргардонидани гурезагон ва ҷанбаҳои ҳарбӣ иборат буд.

Дар моҳи феврали соли 2000 дар Тоҷикистон нахустин интихоботи парлумонии бисёрҳизбӣ доир гардид. Чорабинии мазкур инчунин як воқеаи муҳиме буд барои Созмон - он хотимаи иҷрои Созишномаи сулҳ гардида, оғози тағйирот дар хусусияти фаъолияти намояндагӣ шуд. Бо мурури вақт дар минтақаҳои мамлакатамон панҷ дафтари минтақавӣ дар Ғарм, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Шаҳритуз таъсис дода шуданд. Дар он замон 15 корманди хориҷӣ дар намояндагӣ кор мекарданд. Фаъолияти намояндагӣ аз нав баррасӣ гардида, ба барқарорсозии баъди низоъ ва рушди сохторҳои демократӣ иваз шуд.

Дар солҳои минбаъда тағйиротҳои нав ба вуҷуд омаданд. Барои таҳкими муваффақиятҳои пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ноилшуда, соли 2002 давлатҳои иштирокчии Созмон тасмим гирифтанд, ки ваколатҳои Дафтарро васеъ гардонанд. Аз ҷумла ба ваколати намояндагӣ фаъолияти ба ҳалли мушкилтарин масоили иқтисодӣ ва экологии Тоҷикистон равонашударо ворид намоянд. Дар айни замон, намояндагӣ номашро ба "Маркази САҲА дар Душанбе" тағйир дод.

Соли 2008 ваколати Созмон боз ҳам васеътар гардид; инчунин номи намояндагӣ ба "Дафтари САҲА дар Тоҷикистон" тағйир дода шуд. Дар айни ҳол, намояндагии ташкилот дар кишвар фаъолияташро дар бисёр самтҳо пеш мебарад. Зиёда аз 215 кормандони маҳаллӣ ва байналмилалии Дафтар дар татбиқи принсипҳо ва ӯҳдадориҳои САҲА мусоидатро идома дода, инчунин барои мустаҳкам намудани асоси ҳуқуқӣ ва институтҳои демократӣ кӯмаки хешро мерасонанд.

Дафтар дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин давлат барои рушди равобит, табодули иттилоот дар сатҳи минтақавӣ, инчунин дар ҷалби захираҳои муассисаҳои худ, аз ҷумла, Дафтар оид ба институтҳои демокративу ҳуқуқи инсон ва Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО мусоидат намуда, кӯмаки хешро мерасонад. Дафтар ҳамчунин дар ташкили равобит бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои тадқиқотӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои  ғайриҳукуматӣ мусоидат мекунад.

Шарикон