
Вохӯрии Сафири дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро
- Details
- 23.11.2017
Имрӯз (23.11.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Дафтари Барномавии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Туула Юреля оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ислоҳоти милитсия вохӯрӣ баргузор намуд.

Мулоқоти судманд дар доираи ислоҳоти милитсия
- Details
- 20.09.2017
Имрӯз (19.09.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Зумрад Абдуллозода ва муовини сардори Академияи Вазорати корхои дохилӣ оид ба илм полковники милитсия Солиев Каримҷон бо Мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе Дмитрий Капортсев баргузор гардид.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба ВКД барои таъсиси системаи электронии низоми ягонаи қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо кӯмак мекунад
- Details
- 06.09.2017
Санаи 29 августи 2017 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (САҲА) марҳилаи якуми лоиҳаи системаи электронии низоми ягонаи қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳоро ба итмом расонида санадҳои техникии онро ба Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) пешкаш намуд. Марҳилаи дуюми ин лоиҳа бо маблағгузории Сафорати ИМА амалӣ хоҳад шуд.

Таъмини ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила
- Details
- 08.09.2017
7-уми сентябри соли 2017, дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо дастгирии молиявии Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, семинар дар мавзӯи «Имкониятҳо барои ташкил кардани механизмҳои амалӣ барои ҳамкории байниидоравӣ дар байни мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оиди кафолатҳои ҳуқуқи боздоштшудагон семинари омӯзишӣ мегузаронад
- Details
- 30.08.2017
Душанбе, Тоҷикистон-Санаи 29 августи соли ҷорӣ Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари омӯзишии 3-рӯзаро оиди эҳтиром намудани ҳуқуқҳои боздошташудагон оғоз намуд.