
Таджикистан готовится к очередному отчету в БДИПЧ ОБСЕ по человеческому измерению.
- Details
- 04.07.2012
В государственном комплексе «Кохи Вахдат» (Душанбе) 2-3 июля 2012 г. состоялось Шестое ежегодное подготовительное совещание ОБСЕ по человеческому измерению, в котором участвовали представители правительственных структур и гражданского общества Таджикистана.

Ҷаласаи Гурӯҳи кории ВКД ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оиди идораи ислоҳоти милитсия
- Details
- 11.05.2012
Ҷаласаро Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – генерал-майори милитсия Нурилло Орипов кушода, дар баромади хеш қайд намуд, ки масоили ислоҳоти милитсия айни замон ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Таърихи ҳамкории САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Details
- 27.12.2012
Вақте ки Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз намуд, дар намояндагии он танҳо чаҳор корманди хориҷӣ буд. Ду корманди аввал ба Тоҷикистон моҳи феврали соли 1994 ташриф оварданд; дар он замон ин давлати Осиёи Марказӣ аллакай ду сол боз узви расмии САҲА (аз январи соли 1992) буд.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) намояндагӣ муколамаи байни нерӯҳои минтақавӣ ва сиёсиро ташкил мекард, бо масоили риояи ҳуқуқи инсон машғул буд, риояи меъёру принсипҳои ташкилотро дастгирӣ мекард ва амалишавии риояи онро назорат мекард. Он ҳамчунин ба рушди институтҳои демократӣ ва ҳуқуқии миллӣ кӯмак мерасонид. САҲА дар ҳамкорӣ бо намояндагони нозирони СММ дар Тоҷикистон барои пойдоршавии сулҳ мусоидат карда, ба ҳайси кафили риояи шартҳои Созишномаи сулҳ, ки моҳи июни соли 1997 ба имзо расидааст, баромад кардааст. Нақши махсуси намояндагӣ аз мусоидат ба иҷроиши протоколҳои Созишнома оиди масъалаҳои сиёсӣ ҷиҳати шартҳои баргардонидани гурезагон ва ҷанбаҳои ҳарбӣ иборат буд.
Дар моҳи феврали соли 2000 дар Тоҷикистон нахустин интихоботи парлумонии бисёрҳизбӣ доир гардид. Чорабинии мазкур инчунин як воқеаи муҳиме буд барои Созмон - он хотимаи иҷрои Созишномаи сулҳ гардида, оғози тағйирот дар хусусияти фаъолияти намояндагӣ шуд. Бо мурури вақт дар минтақаҳои мамлакатамон панҷ дафтари минтақавӣ дар Ғарм, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Шаҳритуз таъсис дода шуданд. Дар он замон 15 корманди хориҷӣ дар намояндагӣ кор мекарданд. Фаъолияти намояндагӣ аз нав баррасӣ гардида, ба барқарорсозии баъди низоъ ва рушди сохторҳои демократӣ иваз шуд.
Дар солҳои минбаъда тағйиротҳои нав ба вуҷуд омаданд. Барои таҳкими муваффақиятҳои пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ноилшуда, соли 2002 давлатҳои иштирокчии Созмон тасмим гирифтанд, ки ваколатҳои Дафтарро васеъ гардонанд. Аз ҷумла ба ваколати намояндагӣ фаъолияти ба ҳалли мушкилтарин масоили иқтисодӣ ва экологии Тоҷикистон равонашударо ворид намоянд. Дар айни замон, намояндагӣ номашро ба "Маркази САҲА дар Душанбе" тағйир дод.
Соли 2008 ваколати Созмон боз ҳам васеътар гардид; инчунин номи намояндагӣ ба "Дафтари САҲА дар Тоҷикистон" тағйир дода шуд. Дар айни ҳол, намояндагии ташкилот дар кишвар фаъолияташро дар бисёр самтҳо пеш мебарад. Зиёда аз 215 кормандони маҳаллӣ ва байналмилалии Дафтар дар татбиқи принсипҳо ва ӯҳдадориҳои САҲА мусоидатро идома дода, инчунин барои мустаҳкам намудани асоси ҳуқуқӣ ва институтҳои демократӣ кӯмаки хешро мерасонанд.
Дафтар дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин давлат барои рушди равобит, табодули иттилоот дар сатҳи минтақавӣ, инчунин дар ҷалби захираҳои муассисаҳои худ, аз ҷумла, Дафтар оид ба институтҳои демокративу ҳуқуқи инсон ва Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО мусоидат намуда, кӯмаки хешро мерасонад. Дафтар ҳамчунин дар ташкили равобит бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои тадқиқотӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мусоидат мекунад.
САҲА
- Details
- 26.11.2012
САҲА, ки 57 давлати иштирокчиро аз Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиё муттаҳид мекунад - бузургтарин созмони минтақавӣ дар ҷаҳон мебошад. Он бо масоили амният, пешбарии фаъолият ҷиҳати таъмини сулҳ, демократия ва субот дар минтақае, ки аҳолиаш зиёда аз як миллиард нафар мебошад, машғул аст. САҲА ба ҳайси анҷуман барои муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ оид ба доираи васеи масоили амният ва ба ҳайси майдон барои андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати беҳтар намудани зиндагии мардум ва ҷомеа хизмат мекунад. САҲА васоити фарогири минтақавӣ барои огоҳонии бармаҳал, пешгирии низоъҳо, танзими бӯҳронҳо ва барқарорсозии баъди низоъ буда, ба бартарафнамоии норозигӣ/мухолифат байни давлатҳо ва ба мустаҳкамкунии боварӣ дар асоси ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Созмони мазкур тавассути институтҳои махсусгардонидашудаи хеш, коршиносон ва намояндагиҳои ин сохтор дар ҷойҳо бо як қатор масоили ба амнияти умумии мо, аз ҷумла назорати силоҳ, терроризм, идоракунии самаранок, амнияти энергетикӣ, қочоқи инсон, демократикунонӣ, озодии ВАО ва ҳуқуқҳои ақаллиятҳо таъсиррасон, машғул аст. Амният ба бисёр ҷанбаҳои ҳаёти мо таъсир мерасонад. САҲА мафҳуми амнияти ҳамаҷонибаро риоя намуда, фаъолияти хешро аз рӯи се ченак - ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ - чун маҷмӯи ягона пеш мебарад.