САҲА ва Барномаи рушди СММ утоқи кории нозири милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва идораи Шӯрои ҷамъиятии ВКД-и Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

10 сентябри соли 2019, Вазири корҳои дохилии (ВКД) Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, масъулини воломақоми ВКД, намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар маросими ифтитоҳи расмии утоқи кории нозири милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва идораи Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Муъминобод иштирок карданд.

Муфассал...

Ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ оид ба ислоҳоти милитсия

27.08.2019 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, вохӯрии ҳамоҳангсозӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майор Шодмонзода Фарҳодбек, роҳбарияти саррайёсату раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, Академияи ВКД, инчунин роҳбарият ва намояндагони ташкилотҳои Дафтари САҲА ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» баргузор гардид.

Муфассал...

САҲА ба прокурорҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон оид ба усулҳои мусоҳиба бо кӯдакон таълим медиҳад

Барномаи САҲА дар Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз 24 июл то 3 августи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд, Бохтар ва Душанбе силсилаи курсҳои омӯзиширо оид ба адолати судӣ нисбати кӯдакон доир намуд.

Муфассал...

САҲА ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ мусоидат намуданро ба ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таълим медиҳад

Аз 28 июн то 19 июли соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе силсилаи курсҳои омӯзиширо оид ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба кори Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон баргузор намуд.

Муфассал...

Шарикон